Июл 03, 2022 08:24 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистону Австрия аз сатҳи болои ҳамкорӣ ибрози ризоят карданд

Муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умӯри хориҷаи Австрия дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар мулоқоти Фарҳоди Салим бо Питер Лонский Тифнтол дар хусӯси равобити дуҷониба ва чашмандози густариши равобит дар бахшҳои мухталиф табодули назар шуд .
Тарафҳо аз сатҳи болои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ибрози ризоят карданд .
Ҳамчунин ду тараф омодагии худро барои идомаи тамосҳову ройзаниҳои муфид дар мавриди мавзӯъоти мухталиф дар сатҳҳои дуҷонибаву минтақаӣ эълом карданд .

 

Барчасп