Июл 04, 2022 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ин дидор, дар шаҳри Лисбон дар ҳошияи конфронси уқёнуси Созмони Миллал баргузор шуд
    Ин дидор, дар шаҳри Лисбон дар ҳошияи конфронси уқёнуси Созмони Миллал баргузор шуд

Дар дидори муовини вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Сангапур роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барраси шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар дидор, Шарафи Шерализода муовини вазири умури  хориҷаи Тоҷикистон бо  Вивиян Балакришнон вазири хориҷаи Сангапур бар алоқамандии ду тараф нисбат ба тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Дар ин дидор, ки дар шаҳри Лисбон дар ҳошияи конфронси уқёнуси Созмони Миллал баргузор шуд, Шерализода ва Балакришнан дар мавриди вазъияти феълии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Сангопур ва густариши он дар заминаҳои мавриди алоқа, ба хусӯс дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва сармоягузори баҳс ва табодули назар карданд.

Дар ин мулоқот дар мавриди натоиҷи дуввумин ҳамоиши байналмиллалии сатҳи олӣ бо унвони " Об барои тавсиаи пойдор (2018-2028" 6-9 июн 2022, Тоҷикистон) ва дастури кор канфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар соли 2023 дар Ню Йорк баргузор хоҳанд шуд ва ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар бахш об  гуфтугӯ шуд.

Барчасп