Вена мизбони давр ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Автрия
(last modified Mon, 04 Jul 2022 12:43:59 GMT )
Июл 04, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Вена мизбони давр ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Автрия
    Вена мизбони давр ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Автрия

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории даҳумин давраи ройзаниҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои дипломатики ин кишвар ва Австрия дар Вена хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе даҳумин даври ройзаниҳои вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Австрия дар Вена баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Фарҳод Салим, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ва тарафи муқобилро Гурҳор Зойлер, раиси бахши аврупоӣ шарқи, Қафқози ҷануби, Осиёи Макразӣ, сиёсати ҳамсоягии шарқи Иттиҳодияи Аврупо ва ширкати шарқи Аврупои марказии Вазорати федероли умури аврупоӣ ва хориҷаи Австрия бар уҳда доштанд.

Дар ҷараёни ин ройзани вазъият ва чашмандози тавсеаи ҳамкории чандҷонибаи байни Тоҷикистон ва Австрия барраси ва ҳамчунин дар хусуси мавзуъоти муҳими байналмиллалии мавриди алоқаи ду тараф табодули назар сурат гирифт.

Ду тараф бо ризоят аз ин ки равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Австрия ба таври идомадор ва ҳадафманд дар ҳамаи заминаҳо дар ҳоли тавсеа аст бар аҳамияти ҳамкории Душанбе ва Вена дар чорчуби иҷроӣ тарҳҳои роҳбурди дар хоки Тоҷикистон таъкид карданд.

Мақомоти Тоҷикистон ва австрияӣ ҳамчунин ба зарурияти тавсеаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ишора ва тақвияти таъомул дар сутуҳи ду ҷониба ва чан ҷонибаро муҳим арзёби карданд.

Муъовини Вазорати хориҷаи Тоҷикистон қабл аз ин ройзаниҳо ҳамчунин бо Питер Лонски Тифентол, дабири кулли вазоратхонаҳои федероли умури аврупоӣ ва хориҷаи Австрия дидор ва дар хусуси мавзуъоти муҳим дар дастури кор ҳамкориҳои ду ҷониба ва чашмандози тавсеаи равобити мутақобили судманд бо таваҷуҳ махсус ба тавсеаи ҳамкори дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, инсонӣ ва амниятӣ табодули назар карданд.

Ду тараф ҳамчунин ба ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Австрия дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ дар заминаи мавзуъоти асосии дастури кори ҷаҳонӣ ишора ва омодагии худро барои идомаи тамос ва ройзаниҳои муфид дар тамоми сутуҳ дар мавриди мавзуъоти муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Австрия ва ҳамкориҳои минтақавӣ эълом карданд.