Декабр 01, 2016 10:40 Asia/Dushanbe
  • Дархости Раҳмон аз сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо сафирон ва кормандони намояндагиҳои сиёсии кишвараш дар Иттиҳоди Аврупо бар зарурати талоши бештари онон, барои густариши равобит бо кишварҳои аврупоӣ таъкид кард.

Ба гузориши сойти иттилорасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи дувумин “Иҷлоси байналмилалии об дар Будапешт”, пойтахти Венгрия бо сафирон ва кормандони намояндагиҳои сиёсии кишвараш дидор ва мавзӯи тақвияти равобити Душанбе бо кишварҳои аврупоиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Вай бо ишора ба тасвиби барномаи "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030”, хостори мушорикати бештари кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар рушд ва пешрафти ин ҷумҳурӣ шуд. Раҳмон дар ин дидор таъкид кардааст, ки сафирон ва кормандони намояндагиҳои сиёсии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ бояд барои иҷроӣ шудани ибтикори кишварашон таҳти шиори «Об барои рушди устувор», тайи солҳои 2018 то 2028, ки дар Ҳамоиши байналмилалии об дар Будапешт, пойтахти Венгрия ба тасвиб расид, талош ба харҷ диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори ҷазби сармояи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ворид намудани фанновариҳои ҷадид барои рушди иқтисоди кишвараш шудааст. Дар ин дидор ҳамчунин барсари масоили ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои муборизаи муштарак бо таҳдидҳои амниятӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ баҳсу табодули назар шуд.