Дидори мақомоти тоҷик ва Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ
Июл 07, 2022 10:34 Asia/Dushanbe
Дар дидори мақомоти тоҷик ва Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ роҳҳои тавсеаи равобит барраси шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Фарҳоди Салим, муъовини Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмиллаии энержи атомӣ дидор кард.
Дар ин дидор, ки дар чорчуби ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия дар Вена баргузор шуд ҳамкории байни Душанбе ва Ожонси байналмиллаии энержи ҳастаӣ барраси шуд.
Иҷрои тарҳҳои Ожонси байналмиллаии энержи ҳастаӣ аз ҷумла омӯзиши мутахассисони тоҷик ва мушорикати Тоҷикистон дар тарҳҳои минтақавии Ожонси байналмиллалии энержи ҳастаӣ мавриди таваҷуҳи ду тараф қарор гирифт.