Июл 09, 2022 20:27 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи парлумони Аврупо дар мавриди авзоъ дар Бадахшони Тоҷикистон

Парлумони Аврупо қатъномаеро дар мавриди ҳаводиси ахири вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон тасвиб кард.

Эътирозоти моҳи майи ҷорӣ дар вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон, кушта ва захми шудани муътаризон ва неруҳои амниятиро дар пай дошт.

Парлумони Аврупо дар ин қатънома ки дар сойти иттилоърасони ин ниҳоди аврупоӣ мунташир шуд, давлати тоҷикистонро ба саркуби хушунатомез ва пайгарди муътаризон, рузноманигорон, веблогнависон, вукало ва кунишгарон паз тазоҳуроти ноябри 2021 ва май 2022 дар Бадахшон мутаҳам кард.

Ин қатънома бо 520 рай мувофиқ, 24 рай мухолиф ва 31 рай мумтанеъ ба тасвиб расид.

Намояндагони аврупоӣ ҳамчунин давлати Тоҷикистонро ба саркуби мухолифон ба баҳонаҳои мубориза бо терорисм мутаҳам карданд.

Дархости сокинони Бадахшон барои истеъфои устондор ва шаҳрдори Хоруғ (макази ин вилоят), таҳқиқоти бетарафона дар бораи эътирозоти 25-28 ноябри 2021 ва озоди боздоштшудагон; сароғози танишҳо дар ин минтақаи худмухтор буда аст.

Аврупоиҳо ҳамзамон бо тасвиби ин қатънома, қатъномаи идаои дигари алайҳи давлати Чин содир карданд