Афзоиши қимати сабзиҷот дар бозорҳои Тоҷикистон
(last modified Mon, 11 Jul 2022 06:18:50 GMT )
Июл 11, 2022 11:18 Asia/Dushanbe
  • Дар се моҳаи аввали имсол 3880 тона забза ва 16 тона мева аз боғҳо ва заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бардошт шуд
    Дар се моҳаи аввали имсол 3880 тона забза ва 16 тона мева аз боғҳо ва заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бардошт шуд

Қимати сабзиҷот дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, қимати пиёз ва бодиринг дар Тоҷикистон дар авоили июл дар муқоиса бо муддат мушобеҳи соли гузашта 3 барбар афзоиш ёфт.

Бештари тавлид кунандагон илати афзоиши қимати маҳсулотро бо гарон шудани қимати куд, сӯхт ва нерӯи кор муртабит доданд.

Ҳамчунин фурушандагон афзоиши содироти сабзиҷот ва мева монанади пиёз ва ангурро аз дигар авомили афзоиши қимати маҳсулот эълом мекунанд.

Дар се моҳаи аввали имсол 3880 тона забза ва 16 тона мева аз боғҳо ва заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бардошт шуд, ки ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2021, 1.2 дарсад (сабзиҷот ) ва 6.4 дарсад (мева) бештар аст.