Декабр 01, 2016 13:00 Asia/Dushanbe
  • Бахши хусусии Тоҷикистон ва қарзҳое бо фоизи бонкии боло

Муовини раиси Бонки милли Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба далели камбуди манобеи молӣ, имкони вогузории қарзҳо ва эътиборот бо фоизи поин барои бахши хусусии ин кишвар вуҷуд надорад ва тоҷирон бояд бо шароити феълӣ бисозанд.

Ба гузориши сойти Азия плюс, Сироҷиддин Икромзода дар ҳамоиш "сиёсати сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, фурсатҳо ва чолишҳо" таъкид кардааст, ки барои вогузории қарзҳо ва эътибороти молӣ бо суд ё фоизи кам, ки бахши хусусии Тоҷикистон хостор мебошад, манобеи молии кофӣ вуҷуд надорад.

Вай муътақид аст, ки барои фароҳам намудани шароити вогузории қарзҳо ва эътибороти молии мавриди қабули бахши хусусии Тоҷикистон, бонкҳои ин кишвар ниёз ба дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ доранд ва бо авзои феълии шабакаи бонкии ин ҷумҳурӣ, наметавон дархости фаъолони бахши хусусиро бароварда кард. Аз дидгоҳи вай ба далели буҳрони молии ду соли ахир ва коҳиши шадиди даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия, 80 дарсад аз мардуми ин кишвар танҳо ба муддати як сол дар бонкҳо сармояи худро ба амонат мегузоранд ва бо ин шароит вогузории қарзҳо ва эътибороти молии баландмуддат бо фоизи кам имконпазир нест.

 Ин дар ҳоле аст, ки манобеи Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далели боло будани мизони молиёт ва фоизи баланди бонкӣ дар ин кишвар, имсол 22 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусӣ муҷаввизи фаъолияти хешро пас дода ва аз кор даст кашидаанд.