Июл 13, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раиси ширкати "V Build" дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо истинод ба Ховар, дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Пиетро Салинӣ  роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ширкати “V Build” дар заминаи иҷрои тааҳҳудоти дуҷониба дар бунёди нирӯгоҳҳои барқи обии “Рағон” мухокима карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон  таъкид кард, ки дар мавриди бунёди обанбори нерӯгоҳ ҳама корҳо бояд сари вақт ва босифат анҷом дода шаванд.

Дар ин нишаст раиси ширкати "V Build" ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз иҷрои тааҳҳудоти ба зимма гирифташуда ва тадбирҳои сохтмонӣ гузориш дод.

 

 

Барчасп