Июл 14, 2022 10:59 Asia/Dushanbe
  • Умдаи маҳсулоти содироти Қирғизистон ба Тоҷикистон низ зуғолсанг будааст
    Умдаи маҳсулоти содироти Қирғизистон ба Тоҷикистон низ зуғолсанг будааст

Раиси хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон эълом кард, ки баста шудани марзӣ ин кишвар ва Қирғизистон , сабаби қатъи қочоқи маҳсулот ва коло шуд.

Ба гузориши Садои хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Хуршеди Каримзода, дар нишасти хабарӣ дар душанбе гуфт, ки таи беш аз як сол, ки марзҳои муштараки дукишвар баста шудаанд, ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамаги ба 6 миллиону 300 ҳазор доллар расида, ки коҳиши наздик ба 8 миллимон долларро нишон медиҳад.

Умдаи маҳсулоти содироти Қирғизистон ба Тоҷикистон низ зуғолсанг будааст.

Вай таъкид кард, ки бархе колоҳои содиротии Қирғизистон аз авохири моҳи апрели соли 2021 пас аз даргирии хунин миёни низомиёни дукишвар баста боқи монд.

Барчасп