Июл 14, 2022 16:19 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши кишти пиёз дар минтақаи Хатлон
    Коҳиши кишти пиёз дар минтақаи Хатлон

Мизони кишти пиёз дар заминҳои кишоварзии вилояти Хатлон коҳиш ёфт.

Ба гузорши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл Азия Плюс раиси идораи кишоварзии минтақаи Хатлон гуфт: Кишоварзони минтақа имсол нисбат ба соли гузашта 1200 гектар камтар пиёз кишт карданд.

Амирбек Темур ҳамчунин яке аз сабабҳои афзоиши нархи пиёзро кишт нашудани пиёзи зудрас эълом кард.

Вай ҳамчунин афзуд: Яке дигар аз далели афзоиши нархи пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиши нархи сузишвории дизелӣ ва нуриҳои минерлаӣ мебошад.

Раиси идораи кишоварзии минтақаи Хатлон изҳор кард, агар дар солҳои гузашта кишоварзон 12 то 13 ҳазор сомонӣ барои кишти як гектар пиёз харҷ мекарданд имсол харҷи онҳо ба 25 ҳазор сомонӣ расид.

Ба гуфтаи Амирбек Темур имсол 50 заор тонна пиёз аз Хатлон ба минтақаҳои мухталиф содир шуда аст.

Вай ибрози умедвори кард: Бо ифтитоҳи бузургтарин корхонаи тавлиди нуриҳои минерлаӣ дар шаҳри Левакан нархи маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёбад.

Амирбек Темур изҳор дошт: Ҳамчунин дар назар аст сатҳи кошти пиёз афзоиш ёбад ҳамакнун дар бозорҳои Тоҷикистон нархи як килограм пиёз 8 сомонӣ аст.  

 

Барчасп