Хариди турбини неругоҳи Роғун аз Аврупо
(last modified Thu, 14 Jul 2022 11:27:39 GMT )
Июл 14, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Хариди турбини неругоҳи Роғун аз Аврупо
    Хариди турбини неругоҳи Роғун аз Аврупо

Тоҷикистон 4 турбини боиқмондаи нерӯгоҳи Роғунро аз Аврупо харидори хоҳад кард.

Ба далели буҳрони Украина ва нотавонии ин кишвар барои ирсоли 4 турбини боқимонда ба неругоҳи барқи обии Роғун, Тоҷикистон ин таҷҳизотро аз ширкатҳои аврупоӣ харидори хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияти Тоҷикистон ду турбини нахусти ин нерӯгоҳ дар солҳои 2018 ва 2019 аз корхонаи украинӣ ба Тоҷикистон мунтақил ва насб шуд ва Киев тавофуқ карда буд, ки 4 турбини дигарро низ хоҳад сохт.

Аммо ҷанги Украина сабаб шуд, ки ин кишвар ба тавофуқи худ дар ирсоли 4 турбини боқимонда барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон амал накунад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон қарор шуд, ки ин таҷҳизот аз кишварҳои аврупоӣ харидори шавад.

Интизор меравад сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун то соли 2033 тамом шавад.

Зарфияти тароҳии нерӯгоҳи барқи обии Роғун воқеъ дар 110 километриии шарқи шаҳри Душанбе 13.1 миллиард киловат соат барқ дар сол аст.