Июл 14, 2022 21:08 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани бозикуни тоҷикистонӣ ба тими футболи Зубоҳани Эрон
    Пайвастани бозикуни тоҷикистонӣ ба тими футболи Зубоҳани Эрон

Як бозикуни тоҷикистонӣ ба тими футболи Зубоҳани Эрон пайваст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Эҳсони Панҷшанбе бозикуни милипуши тоҷикистонӣ бо имзои қарордор бо бошгоҳи Зубоҳан ду фасли ояндаро дар Эрон ва  дар шаҳри Исфаҳон ба ҳамроҳи сабзпушони исфаҳонӣ хоҳад буд.

Ин бозикуни 23 солаи аҳли Тоҷикистон собиқаи 37 бозии милли барои тими кишварашро дар корномаи худ дорад ва дар ду соли ҳузураш дар лиги бартари Узбакистон ба унвони яке аз бозикунони арзишманди лиги футболи ин кишвар муъаррифи шуда аст.

Эҳсони Панҷашанбе 52 бози дар лиги бартари Узбакистон барои тими Навбаҳор анҷом дод ва бо ин тим қаҳрамони нимфасл шуда аст ва қабл аз он бо тими Истиқлоли Душанбе 4 қаҳрамонии лиг, 3 қаҳрамонии ҷоми ҳазфи ва се қаҳрамони 3 суперҷомро таҷруба карда аст, ҳамчунин дар соли 2018 ба унвони беҳтарин бозикуни лиги Тоҷикистон интихоб шуда аст.

Ин бозикун ҳамчунин аз сӯи AFC ба унвони бозикуни бартари Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта аст.