4 миллиард сомонӣ арзиши тавлидоти саноати дар вилояти Хатлон
(last modified Sat, 16 Jul 2022 12:21:25 GMT )
Июл 16, 2022 17:21 Asia/Dushanbe
  • 4 миллиард сомонӣ арзиши тавлидоти саноати дар вилояти Хатлон
    4 миллиард сомонӣ арзиши тавлидоти саноати дар вилояти Хатлон

Дар 6 моҳи имсол 4 миллиард сомонӣ дар бахшҳои саноатии Хатлон маҳсулот тавлид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон масъулони саноатии Хатлон мегуянд ин мизон 635 миллиону 236.6 ҳазор сомонӣ бештар аз муддати мушобеҳи соли қабл аст.

Ҳамчунин эълом шуд саҳми саноати дар тавлиди энергетика 16.5 дарсад афзоиш ёфта аст.

Арзиши тавлидоти саноати дар ноҳияҳои Данғара 179.3 миллион сомонӣ, Кушониён 58.4 миллион, Норак 48.4 миллион, Шамсиддини Шоҳин 32.4 миллион, Кулоб 30.5 миллион, Мирсайид Али Ҳамадонӣ 29.1 миллион ва Вахш 25.1 миллион сомонӣ афзоиш дошта аст.

Ин дар ҳоле аст, ки аз кулли тавлидоти саноатии минтақа саҳми саноати маъданӣ 3.9 дарсад саноати табдили 54 дарсад, тавлид ва пахши барқ 41.5 дарсад ва дигар хадамот 0.6 дарсад буда аст.