1.4 миллиард доллар-арзиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ
Таи 5 моҳи соли ҷорӣ мубодилоти тиҷории байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ 27.2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тибқи эъломи гумруки Тоҷикистон таи ин муддат Тоҷикистон ба кишварҳои ёдшуда ба мизони 332 . 9 миллион доллар коло содир кардааст, ки нисбат ба 5 моҳи аввали соли гузашта 74.3 дарсад ( 190.9 миллион доллар ) бештар шудааст . Воридоти Тоҷикистон аз кишварҳои ИДМ 1.1 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо моҳҳои январ - майи соли 2021 ҳудуди 183 миллион доллар ( 19.8 дарсад ) бештар аст .
Таи ин муддат Русия, Қазоқистон ва Узбекистон аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон буданд .
Дар 5 моҳи соли 2022 гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 2.9 миллиард доллар расид, ки нисбат ба давраи мушобеҳи як соли гузашта нишондиҳандаи рушди 20.8 дарсадӣ ( 500 миллион доллар ) аст.