Июл 17, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Фарғона

Аъзои коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Узбакистон бо якдигар музокира карданд .

Аъзои коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Узбакистон таи 5 рӯз дар шаҳри Фарғона идомаи раванди таъйини навоҳии марзии ду кишварро баррасӣ карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин музокирот тарҳҳои ду тараф барои барои ниҳоӣ кардани тафоҳумномаи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбакистон  ироа шуд .
Ин дар ҳоле аст, ки Ориф Хоҷазода-раиси Кумитаи замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом кард аз 1326  километр марзи муштарак бо Узбакистон 1319 километр аломатгузорӣ шудааст .
Аммо мушкили аломатгузории 7 километри боқимонда марбут ба манотиқе аст, ки дар қаламрави се кишвари Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар водии Фарғона қарор дорад.
Вай таъкид кард миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳеҷ ихтилофе бар сари марзҳои муштарак вуҷуд надорад .
Дидори баъдии коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзии ду кишвар дар Тоҷикистон баргузор мешавад .
 

 

Барчасп