Кӯмаки низомии Русия ба Тоҷикистон
Русия эълом кардааст, ки аз соли 2017 милодӣ артиши Тоҷикистонро бо ҷангафзорҳои ҷадид муҷаҳҳаз хоҳад кард.
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар дидор бо генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар Маскав бо эъломи ин хабар афзуд, ки аз соли ҷадиди милодӣ марҳилаи тозае дар равобити низомии Маскаву Душанбе оғоз хоҳад шуд. Вазири дифои Русия таъкид кардааст, ки маҳз дар ибтидои соли 2017 Русия миқдори калоне аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархбол дар ихтиёри артиши Тоҷикистон қарор хоҳад дод. Сергей Шойгу дар идома афзуд, ки интиқоли шумори зиёди ҳавопаймо ва чархбол ба артиши Тоҷикистон дар амри таъмини амнияти минтақа таъсири мусбате хоҳад гузошт. Вазири дифои Русия иллати таҷҳизи артиши Тоҷикистон бо ҷангафзорҳои ҷадидро афзоиши ҳузури нерӯҳои гурӯҳи терористии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон арзёбӣ кардааст.
Вазорати дифои Русия ҳамчунин ба тааҳҳудаш барои идомаи омӯзиши кодрҳои мутахассиси низомӣ барои артиши Тоҷикистон таъкид кардааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекунанд.
Гуфтанист, Тоҷикистону Русия дар мавриди таҷҳизи артиши Тоҷикистон бо ҷангафзорҳои ҷадид ҳанӯз дар соли 2012 милодӣ ба мувофиқа расида буданд. Маскав тааҳҳуд кардааст, ки барои таҷҳизи артиши Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишваре, ки дар хоки ин кишварҳо пойгоҳҳои низомии Русия мустақаранд, 70 млн. доллар масраф хоҳад кард.