Июл 20, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба узвият дар Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ муттаҳам шуд

Мудири идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттиҳоми рӯзноманигори боздоштшударо узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, генерал Шодӣ Ҳафиззода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт : Алайҳи ин рӯзноманигор ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ, бадрафторӣ бо корманди полис ва тавҳин ба мақомоти давлатӣ парвандаи қазоӣ ташкил шудааст .


Вай бо худдорӣ аз додани тавзеҳи бештар дар ин замина афзуд : Таҳқиқи иттиҳомоти ин рӯзноманигори боздоштшуда дар ин ниҳод оғоз шудааст.


Ин дар ҳоле аст, ки як моҳ қабл кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Ғурбатиро ба иттиҳоми бадрафторӣ бо корманди полис боздошт карда буданд . Аммо Ғурбатӣ бо радди ин иттиҳом ин ҳодисаро туҳмат унвон карда буд .