Июл 20, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти мақоми тоҷик бо намояндаи ҳимоят аз ҳуқуқи занони Созмони Миллал

Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо намояндаи баландпояи идораи ҳимоят аз ҳуқуқи занони дафтари Комиссариёи олии ҳуқуқи башари Созмони Миллал дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар мулоқоти Умед Бобозода ва Ханна Ву дар мавриди вазъияти ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои занон ва масоили марбут ба хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ шуд .


Ханна Ву дар ин дидор иброз дошт онҳо омодаи тақвияти ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон ва ба вижа бо мақомоти ниҳоди ҳуқуқи башар дар заминаҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои занон аст .
Дар ин дидор мавзӯъоти ҳамкории Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва сохторҳои дафтари Комисариёи олии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳавзаи занон, дастоварди ниҳоди миллӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуд .

 

Барчасп