Июл 20, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши воридоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон дар шашмоҳи нахусти соли ҷорӣ
    Коҳиши воридоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон дар шашмоҳи нахусти соли ҷорӣ

Воридоти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон дар шашмоҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл 6 дарсад коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Муҳаммадсайд Файзуллозода, мудири Кумитаи давлатии таъмини амнияти ғизоӣ Тоҷикистон дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт: Дар ин муддат воридоти орду гандум, картошка, равғани моеъ ва биринҷ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта аст.

Вай таъкид кард аз оғози соли ҷорӣ 256 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид шуда аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 20 ҳазор тонна камтар аст.

У идома дод дар ин муддат воридоти қанду шакар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2021 ҳудуди 3 ҳазор тонна афзоиш ёфта аст.

Мудири Кумитаи давлатии таъмини ғизоӣ Тоҷикистон изҳор кард, Дар ин муддат 12 ҳазор тонна мева ва 20 ҳазор тонна хушкбор ба Тоҷикистон ворид шуд, ки дар муқоиса бо давраи соли қабл 7 ҳазору 700 ва 8 ҳазор тонна бештар аст.

 

Барчасп