Эъломи нархи билети қатори Душанбе-Волгоград
Нархи билети қатори Душанбе-Волгоград эълом шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон нархи билети қатори масири Душанбе-Волгогради Русияро 1500 сомонӣ эълом карданд.
Зоиршо Файзуллоев, муъовини хадамоти эминии қатори минтақаи Хатлон гуфт: Фуруши билет аз чанд рӯзи оянда оғоз мешавад ва бар асоси муҳосиботи аввалия нархи биелти масири Душанбе-Волгоград 1400 то 1500 сомонӣ аст.
Масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон гуфт: Агар мусофирон як моҳ зудтар билет харидори кунанд харҷи билети онҳо 200 то 300 сомонӣ арзонтар мешавад.
Вай ҳамчунин афзуд: Масирҳои дигари қаторҳои мусофирбари низ дар ояндаи наздик роҳандози мешавад.
Аз 17 март соли 2020 ҳаракати қаторҳои байни Тоҷикистон ва Русия ба далели густариши бемории корона ба таври муваққат мутаваққиф шуда буд.