Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қирғизистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар ҳошияи чорумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон бо ҳамтои узбакистонии хеш дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин дидор роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамоӣ густариши ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин дидор бар зарурияти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, саноатӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва кишоварзӣ таъкид шуд.
Ҳамчунин сарони Тоҷикистон ва Узбакистон мубориза бо терроризм ва омилҳои ноамнӣ, таҳаввулоти Афғонистон ва буҳрони Украинаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нишасти баъдии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мегардад.