Афзоиши 12 баробарии содироти Тоҷикистон ба Эрон
(last modified Fri, 22 Jul 2022 11:21:29 GMT )
Июл 22, 2022 16:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 12 баробарии содироти Тоҷикистон ба Эрон

Содироти Тоҷикистон ба Эрон дар нимаи аввали соли 2022 ба беш аз 60 миллион доллар расид.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълом кард, ин омор нисбат ба давраи мушобеҳи як соли гузашта 12 баробар бештар шудааст. 

Дар фосилаи шаш моҳи аввали соли ҷории мелодӣ ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 116 миллион долларро ташкил дода ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2021 афзоиши 3.7 баробарӣ (31.4 миллион доллар) ро нишон медиҳад.