Гуфтугӯӣ телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар гуфтугӯиӣ телефонӣ равобити дуҷониба ва вазъияти минтақаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин гуфтугӯӣ телефонӣ дар бораи сатҳи феъли ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, об ва энергетика, ҳамлу нақл, илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ баҳсу табодули назар карданд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табрики 65-умин солагарди таваллуди Шавкат Мирзиёев барои вай орзуи саломатӣ ва муваффақият кард. Ду тараф ҳамчунин мавзуъи омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Узбакистон дар моҳи сентябри соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин гуфтугӯӣ телефонӣ дар бораи вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам табодули назар шуд.