Роҳкори Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳо
Раиси Кумитаи давлатии умури дин, анъана ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳо дар ин кишвар бояд тааҳҳудномаи катбии ҳамсарон қонунӣ ва амалӣ шавад.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Сулаймон Давлатзода эълом кард, ки раванди муҳоҷират, бемасъулиятии ҷавонон дар қиболи хонаводаҳо, ноогоҳӣ аз Ислом ва аҳкоми шариат омили асосии фурӯпошии хонаводаҳо мебошад.

Аз ин рӯ, барои ҷилавгирӣ аз ин падидаи иҷтимоӣ тарҳи қонуни тааҳҳудномаи ҳамсарон таҳия шудааст, ки бар асоси таҷрибаи бархе аз кишварҳои минтақа вазоифи ҳамсаронро мушаххас мекунад, ки дар сурати ҷудоӣ бояд бар мабнои қонун посухгӯ бошанд.
Агар шавҳар муқассир бошад, бояд маблағи мушаххасеро ба ҳамсараш пардохт кунад ва таъмини нафақаи фарзандон низ бар уҳдаи вай хоҳад буд.
Аз сӯи дигар, Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 7 ҳазору 265 мавриди талоқ дар ин кишвар сабт шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 12 дарсад бештар мебошад.