Дархости вазири кишоварзии Тоҷикистон аз ҳамтоёни хеш дар СҲШ
(last modified Tue, 26 Jul 2022 14:35:03 GMT )
Июл 26, 2022 19:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости вазири кишоварзии Тоҷикистон аз ҳамтоёни хеш дар СҲШ
    Дархости вазири кишоварзии Тоҷикистон аз ҳамтоёни хеш дар СҲШ

Вазири кишоварзии Тоҷикистон хостори иқдомоти муштараки кишварҳои узви СҲШ барои ҳалли мушкилоти камбуди маводи ғизоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Саъди Каримзода ин матлабро дар ҳафтумин нишасти вазирони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд пойтахти Узбакистон иброз кард.

Вай яке аз роҳҳои афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзиро додани сабуки ба кишоварзон унвон карду гуфт: Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охр ба манзури таъмини амнияти ғизоӣ мардуми ин кишвар ба кишоварзон додани сабукии молиёти эъто кард, ки сабабаи афзоиши бардошти маҳсулот гардид.

Саъди Каримзода, вазири кишорваии Тоҷикистон аз ҳамтоёни хеш дар СҲШ дархост кард, ки барои мубориза бо биёбон ва шур шудани заминҳои кишоварзи бо Тоҷикистон ҳамкори кунанд.

Дар ин нишаст роҷеъ ба ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар заминаи истифода фановариҳои навин ва равишҳои ҷадиди обёри барои афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ баҳсу табодули назар шуд.