Июл 27, 2022 08:57 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Димишқ

146 шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози вижа аз Сурия ба Душанбе бозгаштанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдӯгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешуданд, дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе фуруд омад .
Афроде, ки аз тариқи ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон мунтақил шуданд хонаводаҳои шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки дар суфуфи созмони террористии ДИИШ дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ширкат мекарданд .
Чанд рӯз қабл Зубайдуллоҳ Зубайдзода-сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба Сурия сафар ва бо намояндагони ин кишвар барои бозгардондани шаҳрвандони кишвараш ба меҳан музокирот анҷом дод .
Пеш аз ин бо талошҳои мақомоти Тоҷикистон аз Ироқ 89 кӯдаки тоҷик ба Душанбе бозгардонда шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон қаблан бар зарурати бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурияву Ироқ ба меҳан таъкид карда буд .

 

 

Барчасп