Дидори раиси вилояти Суғд бо сармоягузори узбак
Июл 27, 2022 20:21 Asia/Dushanbe
Раиси вилояти Суғд аз сармоягузорони узбакистонӣ хост барои ободонии заминҳо Бойер талош кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд да дидор бо Муминҷон Юлдошов сармоягузори узбакистонӣ дар мавриди ҳамкориҳо гуфтугӯ кард. Ҳар ду тараф аз тақвияти равобити иқтисодӣ миёни маҳфилҳои тиҷоратӣ ибрози хурсанди карданд.
- Дар ин дидор раиси вилояти Суғд дар бораи имконоти Суғд ва фазои муносиби сармоягузори иттилоъот ироа кард ва изҳор кард токунун тоҷирони Тоҷикистон ва Узбакистон тарҳҳои муштаракеро дар минтақа иҷро карданд.
- Аҳмадзода гуфт: Сармоягузорони кишварҳои ҳамсоя метавонанд бо корофаринони тоҷик барои обод кардан ва истифода аз заминҳои Бойер эҷоди коргугоҳи фароварии пахта, мева ва хушбор ва тавлиди пушок ҳамкории муассир дошта бошанд
Муминҷон Юлдошов низ дар ин мулоқот омодагии худро барои сармоягузори ва иҷрои тарҳҳо барои истифода аз заминҳои раҳошуда ва афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ эълом кард.