Июл 28, 2022 21:29 Asia/Dushanbe
  •  Дархости RSF барои  раҳоии рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» боздошти чор хабарнигор ва блогери тоҷикро, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ гумонбар мешаванд, маҳкум намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки онҳоро раҳо кунанд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ин созмон, имрӯз, 27-уми июл бо нашри як баёнияе боздошти 4 хабарнигор - Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро як усули тарс додани рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (ВАО) номидааст.
Жанна Кавелиер, раҳбари минтақавии Созмон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар шарҳи баёния афзудааст, ки дар натиҷаи афзоиши сензура ва тӯҳмат алайҳи васоити ахбори омма, рӯзноманигорон пас аз ҳар як тафтишот ба ҳабс дучор мешаванд.

Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.