Июл 29, 2022 15:49 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили 195 ҳазор доза ваксинаи «Файзер» ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар чорчӯби механизми КОВАКС 195 ҳазору 390 доза ваксанаи «Файзер» дарёфт кард.

КОВАКС ё «Дастрасии ҷаҳонӣ ба воксанҳои Ковид - 19» як барнома бо ҳамкории байналмилалӣ барои дастрасии фаврӣ ва мунсифонаи кишварҳо ба ваксинаи корона аст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, дар нимаи аввали соли ҷории мелодӣ ба ин кишвар дар маҷмуъ 897 ҳазору 390 доза ваксинаи «Файзер» таҳвил дода шудааст.

Аз оғози маъракаи ваксинатсия дар Тоҷикистон беш аз 15 миллион доза ваксина ворид шудааст.

То аввали моҳи июли соли ҷорӣ 94 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон аввалин дозаи ваксина, 92. 2 дарсад дозаи дувум ва 73. 3 дарсад дозаи сеюмро дарёфт карда буданд.