Июл 29, 2022 20:34 Asia/Dushanbe
  • Эъломи сабти номи 12 номзад дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки 12 номзадро барои рақобат дар 3 ҳавзаи интихобӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар сабти ном кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ба далели таъйини 3 намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ба симатҳои давлатӣ аз ҳавзаҳои интихобии Рудакӣ, Данғара ва Фирдавсӣ, акнун 12 номзад барои ҷойгузинии онон дар рӯзи 14 августи соли ҷорӣ рақобат хоҳанд кард.

Дар ҳавзаи интихобии Рӯдакӣ раъйдиҳандагон бояд намояндаи ҷадидро ба ҷои Хайриддин Усмонзода интихоб кунанд.

Усмонзода ба раёсати Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Дар ҳавзаи интихобии Данғара низ бояд фарди ҷадиде ба ҷои хонум Лутфия Абдухолиқзода роҳии маҷлис шавад.

Абдухолиқзода муовинати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ӯҳдадор шудааст.

Дар ҳавзаи интихобии Фирдавсӣ низ бояд фарди дигаре ба ҷои Эмомалӣ Насриддинзода, ки акнун дар симати мушовири раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури иртибот бо ҷомеа фаъолият мекунад, интихоб гардад.

 

Барчасп