Июл 29, 2022 21:20 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард

Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати вазири умури хориҷаи ин кишвар ба манзури ширкат дар иҷлоси Шурои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тошканд сафар кард.

Шоҳини Самадӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, интизор меравад, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчӯби ин сафар бо теъдоде аз ҳамтоёни худ дидор ва дар иҷлоси Шурои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви СҲШ ширкат кунад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки раёсат дар СҲШ имсол бар уҳдаи Узбакистон аст.

Иҷлоси ахири Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 13 - 14 июли соли 2021 дар Душанбе ва таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Гуфтанӣ аст, ки дар нишасти СҲШ, ки дар сентябри соли 2021 баргузор шуд, раванди пазириши Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин созмон ва эътои вазъияти шарики гуфтугӯ ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

 

Барчасп