Июл 30, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти қазоии Русия низ вайро дар феҳристи афроди таҳти тақиби полиси байналмиллал қарор доданд
    Мақомоти қазоии Русия низ вайро дар феҳристи афроди таҳти тақиби полиси байналмиллал қарор доданд

Мақомоти қазоии Туркия тасмим гирфтаанд яке аз мубалиғони аслии гурӯҳи ДОИШ-ро ба Тоҷикистон таҳвил диҳанд.

Мақомоти қазоии Туркия тасмим гирфтаанд  Парвиз Абдураҳмонов  мулақаб ба Абудовӯд яке аз мубалиғони аслии гурӯҳи террористии ДОИШ-ро  ба Тоҷикистон таҳвил диҳанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи,  манобеъи дипламатик дар Душанбе таъид карданд дар пайи музокироти мақомоти интизомии дукишвар ин шаҳрванди тоҷикистонии узви ДОИШ истирдод мешавад.

Вай муттаҳам ба ҷазби беш аз 200 нафар ба гурӯҳи ДОИШ дар Тоҷикистон , Русия ва Шветсия  алайҳи ӯ парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.

Мақомоти қазоии Русия низ вайро дар феҳристи афроди таҳти тақиби полиси байналмиллал қарор доданд.

Гуфта мешавад, ки Парвиз Абдураҳмонов дар соли 2019 дар Сурия боздошт ва дар соли 2021 бо зан ва фарзандонаш дар урдӯгоҳи  таҳти кантроли Туркия мушоҳида шудааст.

 

Барчасп