Палави тоҷикӣ ҷаҳонӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8920-Палави_тоҷикӣ_ҷаҳонӣ_шуд
Созмони илму фарҳанги Созмони милали муттаҳид (ЮНЕСКО), палави тоҷикиро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 02, 2016 17:20 Asia/Dushanbe
  • Палави тоҷикӣ ҷаҳонӣ шуд

Созмони илму фарҳанги Созмони милали муттаҳид (ЮНЕСКО), палави тоҷикиро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кардааст.

 Дар сомонаи расмии ЮНЕСКО омадааст, палав дар Тоҷикистон "шоҳи ғизоҳо” ном гирифтааст ва беш аз 200 тарзи таҳия дорад.

ЮНЕСКО ҳамчунин оши палави Ӯзбакистонро низ ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ (ғайрималмус) ворид кардааст.

Созмони байналмилалии ЮНЕСКО то кунун 366 суннат аз миллатҳои ҷаҳонро дар феҳристи мероси фарҳангии номалмуси дунё сабт кардааст.