Ифтитоҳи бузургтарин озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар Тоҷикистон
Раиси фарҳангистони илмҳои Тоҷикистон аз ифтитоҳи бузургтарин озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар Осиёи Марказӣ бо кумаки донишмандони беларусӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Фарҳод Раҳимӣ, ки ин озмоишгоҳ дар солрӯзи истиқлолият 9 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.
Вай таъкид кард, ки ҳакнун то 15 мутаъасиси вирусшиноси тоҷик барои фаъолият дар ин озмоишгоҳ дар кишвари Беларусия дар ҳоли омӯзиш мебошанд.
Харҷи сохти ин озмоишгоҳ 40 миллион сомонӣ аст, ки бахшҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон ва Беларусия ин манобеъи молиро таъмин мекунанд.
Бузургтарин озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бо ҷадидтарин таҷҳизот фаъолият хоҳад кард.