Июл 30, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Тоҷикистон то соли 2030 бо оби ошомидании таъмин хоҳанд шуд
    Сокинони Тоҷикистон то соли 2030 бо оби ошомидании таъмин хоҳанд шуд

Муъовини аввали Директори Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию камуналии Тоҷикистон эълом кард, ки сокинони ин кишвар то соли 2030 бо оби ошомидани таъмин хоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Ҷурахон Ғафорзода дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 67.1 аз аҳолии Тоҷикистон аз оби ошомидани баҳраманд мебошанд.

Вай таъкид кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба сокинони кишвар 8 миллиону 244 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ таъмин гардид, ки харҷи ин хадамот наздик ба 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Ғафорзода дар ҳоли ҳозир 20 таҳри обрасони ба маблағи 769 ҳазор доллар барои таъмини оби ошомиданӣ дар шаҳрҳо ва минтақаҳои рустои ин кишвар таҳия шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҷустуҷуӣ сармояи мавриди ниёз мебошад.

 

Барчасп