Худоҳофизии сафири Русия дар Душанбе бо мардуми Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар поёни давраи маъмурияти 9 солаи хеш бо мардуми ин кишвар худоҳофизи кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Игор Фролов бо интишори паёми аз 9 соли фаъолияташ дар Тоҷикисон ба унвони даврони муҳими таҳкими равобити ду кишвар ёд ва аз меҳмонавозии мардуми тоҷик низ тақдиру ташакур кард.
Вай дар ин паём таъкид карда аст, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон ҳамвора эҳсоси эҳтиром ва дустиро аз сӯи мардуми Тоҷикистон мушоҳида карда ва акнун вақти он расид, ки бо ин кишвари дуст ва бародар худоҳофизи кунад.
Аз дидгоҳи сафири Русия дар Тоҷикистон дар 9 соли фаъолияташ вай равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва муҳоҷират густариш ёфт, ки дар сатҳи роҳбурди қарор дорад.
Игор Фролов ибрози умедвори кард, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар оянда низ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.