Июл 31, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд дар Тошканд
    Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд дар Тошканд

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд дар ҳошияи иҷлоси шӯрои раисони ниҳодҳои дипломотики кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд дидор ва ҳамкории ду кишвар дар заминҳои мухталиф барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ахиран дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманяр Ҷайшанкар баргузор гардид

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.

Ҳамчунин ду тараф дар бораи вазъияти Афғонистон масоили амниятии дар минтақа ва таъомули ду кившар дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақави ба вижа СҲШ табодули назар карданд.

 

Барчасп