Кумаки 115 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи «Норак»
Мудирияти Бонки Ҷаҳонӣ аз ихтисоси кумаки молии 115 миллиондолларии ин ниҳод барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», ин маблағ барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» тайи солҳои 2022 то 2030 ҳазина хоҳад шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ 226 миллион доллар ҳазина кард, ки 57 миллион доллари он кумаки ройгон ва 169 миллион доллар воми камбаҳра мебошад.
Мақомоти ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» мегӯянд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегавати феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегават афзоиш хоҳад ёфт.
Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.
Бештар бихонед: