Шароити номусоиди ҳаво далели аслии афзоиши нархи пиёз дар Тоҷикистон
Август 03, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
Мудири Агентии содирти Тоҷикисон шароити номусоиди ҳаворо аз далели афзоиши нархи пиёз эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Шавкат Бобозода афзуд: Мизони содирот таъсири дар афзоиши нархи пиёз надорад
У гуфт шароити номусоиди ҳаво сабаби коҳиши кишту бардошти пиёз ва афзоиши нархи он дар бозорҳои Тоҷикистон шуд, вай гуфт: Ҳамакнун нархи пиёз дар бозорҳои кишвар собит шуда аст.
Ба гуфтаи Бобозода имсол 18 ҳазор тонна пиёз аз Тоҷикистон ба хориҷ содир шуд. Мудири Агентии содироти Тоҷикистон гуфт: Маҳдудияти мувақати содироти пиёз вобаста ба таъмини ниёзи дохили аст.