Паёми таслияти раиси Ҷумурии Тоҷикистон ба ҳамоти эронӣ дар пайи вуқуъи сел
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёми таслият ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷон бохтани мардум бар асари селро таслият гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёми таслият ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷон бохтани мардум бар асари селро таслият гуфт.
Дар бахши аз ин паём Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Сайид Иброҳими Раисӣ омада аст: Бо андуҳи амиқ ин хабарро дарёфт кардам, ки борандагии шадид ва обхезиҳои харобиовар ба минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон хисорат ворид кард ва талафоти инсонӣ ба дунбол дошт.
Бо шарик шудани дард ва талхии фиқдони ҷубронопазир аз тарафи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби худам таслияти амиқи худро ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаи табиъӣ иброз менамоям.
Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.