Густариши ҳамкори ва мубориза бо терроризм меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон
-
Густариши ҳамкори ва мубориза бо терроризм меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон
Дар дидори вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва сафири Ҷопон дар ин кишвар густариши ҳамкори дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва терроризм барраси шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Тосиҳиюру Оики, сафири Ҷопон дар ин кишвар дидор карданд.
Ду тараф дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба густариши ҳамкори дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризм, ифротигароӣ ва дигар самтҳои равобити дуҷонибаро барраси карданд.
Раҳимзода дар суханоне хотирнишон кард: Ҷопон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба унвони як кишвари пешрафтаи ҷаҳон аз мавқеъияти махсус бархурдор буда ва мо аз рӯзи аввали истиқлол Токёро ба унвони шарики муҳим дар арсаҳои байналмиллаӣ арзёби мекунем.
Дар ин дидор ба саҳми қобили таваҷҷуҳи Ожонси ҳамкори байналмиллилии Ҷопон "Ҷойко" дар тақвияти ҳамкори байни ду кившар ишора шуд.
Сафири Ҷопон дар навбати худ мардуми ду кишварро дусту бародар хонду гуфт: Токё ба дунболи тақвияти бештари ҳамкори бо Тоҷикистон аст.