Афзоиши мавориди фасоди моллӣ ва ришвахори дар вилояти Суғд
Мақомоти Агентии давлатии мубориза бо фасоди моллӣ дар вилояти Суғд мегуянд, ки мавориди марбут ба фасоди моллӣ ва ришвахори дар ин минтақа афзоиш ёфта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Қутбиддини Сафарзода муовини аввали мудири ин ниҳод дар вилояти Суғд эълом кард, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 349 маврид ҷиноят марбут ба фасоди моллӣ ва ришвахори дар шимоли Тоҷикистон сабт шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 9 маврид бештар мебошад.
Муовини аввали мудири Агентии давлатии мубориза бо фасоди моллӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки 19 мавриди фасоди моллӣ ба Вазорати тандурустӣ, 38 маврид ба идораҳои омӯзиш, 22 маврид ба идораи кумитаи замин, 27 маврид ба кумитаи идораи замин, 13 маврид ба ширкати пахши барқ ва 48 маврид ба бонкҳо марбут аст.
Ҳамчунин ҷиноятҳои мушобеҳ дар идораҳои кишоварзӣ, молиёт, додгустари ва сабти аҳвол ва Созмони муҳити зисти вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ сабт шуда аст.
Дар маҷмӯъ мизони хисоратҳои ворид шуда ба давлат бар асари ин ҷиноятҳо 10 миллиону 800 ҳазор сомонӣ унвон мешавад, ки 7 миллиону 900 ҳазор сомонӣ баргардонида шуда аст.