Август 04, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Аз дидгоҳи ин коршиноси рус иддаои ахири Толибон бепоя аст
    Аз дидгоҳи ин коршиноси рус иддаои ахири Толибон бепоя аст

Коршиноси аршади Академияи умури дипламатики Русия иддаои Толибон дар бораи Тоҷикистонро беасос донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Евгений Коренев бо ишора ба суханони Мулоҷони Муҳаммадҳамза муовини фармондеҳи сипоҳи Толибон дар вилояти Таххор, ки муддаи аст агар Тоҷикистон даст аз мудохила дар умури Афғонистон бар надорад ва Русия аз душанбе ҳимоят накунад, барои ишғол ин  кишвар як ҳафта кофи аст вокуниш нишо дод.

Вай таъкид кард" Русия ҳеҷгоҳ пойгоҳи низомӣ 201  худ дар Тоҷикистонро хориҷ нахоҳад кард ва дар сурати ҳар навъ таҳдид алайҳи Тоҷикистон дар канори нерӯҳои мусалаҳи ин кишвар хоҳанд истод".

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон хостори ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо мушорикати тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмии ин кишвар аз ҷумла тоҷик аст аммо Толибон ин дархости Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба унвони мудохила дар умури Афғонистон талқӣ мекунад.

Аз дидгоҳи ин коршиноси рус иддаои ахири Толибон бепоя аст.

Барчасп