Оғози муҳокимаи муттаҳамони эътирозоти вилояти Бадахшон дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 06 Aug 2022 07:02:25 GMT )
Август 06, 2022 12:02 Asia/Dushanbe
  • Эътирозоти вилояти Бадахшон дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда буд
    Эътирозоти вилояти Бадахшон дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда буд

Муҳокимаи додгоҳи 80 нафар аз афроди муттаҳам, ки дар эътирозоти моҳи майи соли ҷорӣ дар вилояти Бадахшон ширкат кардаанд, дар боздоштгоҳи муваққати Душанбе оғоз шуд.

Ба гузориши Садои Ҳуросон ба нақл аз сомонаи Осиёи Марказӣ ба далели доштани муҳри сирии ин парванда, муҳокимаи ин афрод пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузӯри азои хонавода дар ҳоли баргузори аст.

Дар миёни ин муттаҳамон, генерел Холбош Холбошов мушовири собиқи фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон низ ҳузӯр дорад.

Акнун вай бар асоси 11 банди қонуни кайфарии Тоҷикистон аз ҷумла таҳсиси гурӯҳҳои ҷиноӣ, терроризм, суӣ қасд ва талош барои барандозии низоми сиёст муҳокима хаҳад шуд.

Эътирозоти вилояти Бадахшон дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуд, ки баъдан ба хушунат кашида шуд ва теъдоде аз муътаризон ва нерӯҳои амниятӣ дар ин даргириҳо кӯшта ва захмӣ шуданд.

Бештар бихонед: