Август 06, 2022 17:00 Asia/Dushanbe
  • Нишасти муштараки тиҷорӣ Суғди Тоҷикистон ва Кросноярски Русия
    Нишасти муштараки тиҷорӣ Суғди Тоҷикистон ва Кросноярски Русия

Нишасти тиҷорӣ Суғди Тоҷикистон ва Кросноярски Русия баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин ҷаласа Даря Ковалева, ноиб раиси утоқи бозаргони ва саноати Сибири марказӣ назари худро дар мавриди маҳбубияти маҳсулоти Тоҷикистон дар ин кишвар баён кард.

Ин нишаст дар ҳошияи боздиди соҳибкорони минтақаи Красноярски Русия дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар ин ҷаласа фурсатҳои сармоягузории минтақаро баён кард.

Дар ин нишаст намояндагони 16 ширкати тавлидии минтақаи Кросноярски ва 50 ширкати тавлидии вилояти Суғд, аъзои утоқи бозаргони ва саноати Тоҷикистон ширкат карданд.

 

Барчасп