Додгоҳ се сокини Хоруғро ба ҳукми абад маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i89572-Додгоҳ_се_сокини_Хоруғро_ба_ҳукми_абад_маҳкум_кард
Додгоҳи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон се сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли раҳбари КДАМ дар ин вилоят, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 08, 2022 16:57 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳ се сокини Хоруғро ба ҳукми абад маҳкум кард

Додгоҳи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон се сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли раҳбари КДАМ дар ин вилоят, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  Додгоҳ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков, Хайримамад Дӯстмамадов ва Аслан Гулобов, сокинони шаҳри Хоруғро дар даст доштан дар қатли Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон, дар соли 2012 муҷрим шинохтааст.

Ду манбаъ дар Хоруғ ба гуфтанд, ки додгоҳ ҳукмро рӯзи 5-уми август содир кардааст ва ҳарсеи онҳо бо чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, “куштори одам”, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ”, “гаравгонгирӣ” ва “авбошӣ” айбдор дониста шудаанд.