Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i89576
Расонаҳо аз ихтисоси кумаки молии 115-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 08, 2022 17:22 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард

Расонаҳо аз ихтисоси кумаки молии 115-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ 226 миллион доллар масраф хоҳад шуд, ки 57 миллион доллари он кумаки ройгон ва 169 миллион доллари дигар воми камбаҳра мебошад.
Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегавати феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегават афзоиш хоҳад ёфт.

Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак” оғози расмӣ бахшида буд.