Август 09, 2022 10:37 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи амнияти химиявӣ, биологӣ ва ҳастаиро дар Суғд ифтитоҳ кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вилояти Суғд сафар кардааст, дар шаҳри Бӯстон шуъбаи озмоишгоҳи амнияти химиявӣ, биологӣ ва ҳастаии вобаста ба Фарҳангистони миллии улуми кишварро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳадаф аз ифтитоҳи ин озмоишгоҳ анҷоми пажӯҳишҳои илмӣ, назорат бар амнияти химиявӣ, биологӣ ва ҳастаӣ ва вокуниш ба садамоту ҳаводиси марбут ба ин бахшҳо мебошад.

Ин озмоишгоҳ дар замине ба масоҳати 607 метри мураббаъ сохта шуда, 20 корманд дорад, ки мутахассисони амнияти химиявӣ, биологӣ ва ҳастаӣ мебошанд ва дар марокизи муътабари хориҷӣ давраҳои омӯзиширо фаро гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари чаҳоррӯза ба шимоли Тоҷикистон аз теъдоде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид карда, дар ифтитоҳияи таъсисот ва тарҳҳои ҷадид ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин бо раванди кори кишоварзӣ, истифодаи беҳина аз замин, тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти ғизоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо тавлидоти дохилӣ ва захоири ғизоӣ ошно шуда, бо кормандони ниҳодҳои мухталифу аҳолии вилоят дидору гуфтугӯ мекунад.

 

Барчасп