Воридоти 130 адад мошини барқӣ ба Тоҷикистон
Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон садҳо мошини нави барқӣ ворид шудааст, ки дар 30 дақиқа барқ мегиранд ва барқи захираи онҳо барои 300 километр пешбинӣ шудааст
Ба гузориши «Спутник», Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 130 адад мошинҳои барқӣ ворид кард, гузориш медиҳад Хадамоти гумруки кишвар.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми воридоти ин навъ худравҳо 3,4 миллион долларро ташкил додааст.
Дар маҷмӯъ, дар ин муддат ба маблағи беш аз 189,2 миллион доллар беш аз 21,3 ҳазор мошин харидорӣ шудааст.
Ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт дар нимсолаи аввал нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 14,7 фоиз зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин мошинҳои барқӣ дар авоили соли ҷорӣ вориди кишвар шуданд, ки бо ибтикори ҳукумати шаҳр ва ширкати "Як такси" сурат гирифтааст.
Ҳама мошинҳои электрикии модели Volkswagen e-Lavida мебошанд. Инҳо мошинҳои бесадое, ки бо нерӯи барқ кор мекунанд. Батареяҳои ин худравоҳо дар 30 дақиқа барқ мегиранд ва 300 километр бо он ҳаракат мекунанд.
Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки истифодаи ин мошинҳои барқӣ ва троллейбусҳо на танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, балки аз нигоҳи экологӣ низ судманд аст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда барномаи воридоти мошинҳои барқиро рӯйи даст дорад, ки барои воридкунандагон сабукиҳо, аз ҷумла озод кардан аз боҷи гумрукиро пешкаш мекунад.
Ахиран Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи аз 800 то 1 миллиард доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқии кишвар хело зиëд аст.
Вазир афзуд, ки ниҳоди зертобеяш “Барномаи рушди нақлиëти барқӣ барои солҳои 2023-2027" - ро таҳия намудааст, ки он ба наздикӣ барои баррасӣ ба ҳукумати пешниҳод мешавад.
Тибқи ин лоиҳа ба гуфти Азим Иброҳим, барои безараргардонӣ ва аз маконҳои сӯзишворӣ ба нақлиëтҳо пур кардани барқ аз ҷониби Вазорати молия маблағи муайян ҷудо карда мешавад.